Дар се рӯзи охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ чанд садамаи нохуши нақлиётӣ рух додааст, ки боиси ба ҳалокат расидани пиёдагардон, аз ҷумла ноболиғон, шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

7-уми сентябр, тахминан соатҳои 17:55, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Маллаев Одилҷон Толибович, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Бофандаи ноҳияи Кушониён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Свердлови ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Мирзоев Фирӯзшо Фаррухович, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи мазкурро зер кардааст. Дар натиҷа, хурдсол Мирзоев Ф.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 8-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 20:50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» Эмомов Ҷ.Р., ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Сомонии пойтахт аз тарафи кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ, дар сероҳаи кӯчаи Сомонӣ-Варзишгарон ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки таҳти идораи ронанда, Авлоқулов Ф.Ш., соли таваллудаш 1990, қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» самти ҳаракаташро тағйир надода, пиёдагардони ноболиғ Сиёвуши Зафар, соли таваллудаш 2004, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №25 ва Муҳиддинзода Аюб, соли таваллудаш 2001, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №25, сокинони кӯчаи Варзишгаронро зер кардааст. Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш пиёдагардони ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас расондан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Авлоқулов Ф.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳамин рӯз, тахминан соатҳои 16:00, ронандаи трактори тамғаи “Т-28х4” бо ядак Гурезов Раҷабалӣ Назришоевич, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Панҷ, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти заминҳои хоҷагии деҳқонии Селгаи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи трактор набаромада, дучархарони ноболиғ Раҷабов Иброҳим Ибодуллоевич, соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 3-юм, сокини деҳаи Селгаро бо ядаки трактор зер кардааст. Дар натиҷа, ноболиғ Раҷабов И.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

9-уми сентябр, тахминан соати 06:20, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Саидов Муҳиддинҷон Тӯхтабоевич, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Сомғор-Ашт», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдураҳмонова Шоира Абдувоситовна, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Бӯстонро зер кардааст. Дар натиҷа, пиёдагард Абдураҳмонова Ш.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here