Дар ду рӯзи охир дар роҳҳои икшвар чандин садамаҳои нохуши нақлиётӣ рух додаанд, ки боиси ҳалокати одамон, аз ҷумла кӯдакон, гаштаанд.

14-уми сентябр, тахминан соати 19:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ғоибов Мансур Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Кӯлоб-Восеъ-Душанбе”, дар шаҳраки Восеъ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қосимов Аюбҷон Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи мазкурро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

15-уми сентябр, тахминан соати 15:25 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Муъминов Одилҷон Муъминович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Шаҳритуз, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Ё.Каримов бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, пиёдагарди хурдсол Ҳасанова Тошҷамол Шодмоновна, соли таваллудаш 2013-ро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

15-уми сентябр, тахминан соати 02:10, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Ҷумъаев Фурқат Носирович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалол аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронаш Яҳёев Илҳом Облоқулович соли таваллудаш 1981, Туйчиев Шуҳрат Носирович, соли таваллудаш 1984, Ҷумъаев Беҳрӯз Фурқатович, соли таваллудаш 2012, Туйчиев Фирдавс Шуҳратович, соли таваллудаш 2008, Туйчиева Фарида Шуҳратовна, соли таваллудаш 2010, Ҷумъаева Райҳона Дониёровна, соли таваллудаш 2009, сокинони деҳаи Чорбоғи шаҳри мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан бистарӣ шудаанд. Мусофирони дигари ин мошин Туйчиев Бердиёр Ғаффурович, соли таваллудаш 1985 ва Туйчиев Ҳусейнбой Ҳакимович, соли таваллудаш 1994, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

15-уми сентябр, тахминан соати 06:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Салимов Абдухолиқ Ҳалимович, соли таваллудаш 1951, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлол аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Бобоалиева Фотима Лутфуллоевна, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Селбурро пахш кардааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

15-уми сентябр, тахминан соати 06:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ” Қосимов Умед Нурович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба тарафи кӯчаи Турсунзода, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, таҳти идораи ронанда Давлатов Ҷамшед Ҷамолович, соли таваллудаш 1984, сокини пойтахт бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ” Неъматов Бобоназар Холович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Мусофирони автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс” Азимбекова Зарина Абдураҳимовна, соли таваллудаш 1979 ва Зуҳуров Меҳриддин Наҷмиддинович соли таваллудаш 1970, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Добавить комментарий