Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок як автомашина ба мошинҳои канори роҳ бархӯрда, як нафарро зер кардааст ва ба ҷарии 100 метр афтодааст, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, ду каси дигар захм бардоштаанд.

24-уми ноябр, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Шодиев Мирсолӣ Мирғиёсович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Шарифов Абдураҳмон Абдухолиқович, соли таваллудаш 1995, сокини ш.Душанбе, ки дар канори рости роҳ беҳаракат меистод, бархӯрда, баъдан ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда Сафоев Шуҳрат Улмасович, соли таваллудаш 1971, сокини Хуҷанд, ки дар канори роҳ қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сафоев Сафохон Улмасович, соли таваллудаш 1976, сокини ш.Хуҷандро, ки дар назди автомашина меистод, пахш намуда, автомашина ба ҷарии чуқуриаш 100 метр чаппа шудааст. Шаҳрванд, Сафоев С.У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Шодиев М. ва мусофири автомашинаи мазкур Дадобоев Исроил Амонбоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ш.Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Добавить комментарий