Дирӯз, тахминан соати 15, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” рақами қайди давлатиаш 98-75 АА/08, шаҳрванд Ш. Юсуфов, соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди деҳаи Элок аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба садама дучор шудааст.

Дар садама мошин ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст, ки дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони он З. Юсуфова, соли таваллудаш 1963, Сарвари Розия, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофири дигари автомашина А. Юсуфов ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Добавить комментарий