Тақвият додани ҳамкории байни милитсия ва ҷомеъа дар таъмини амният ва бехатарӣ дар ҷомеа, яке аз мавзӯъҳои асосии тренингҳои омӯзишӣ буд, ки аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмиллалии Сейферволд доир гардиданд.

Тренингҳои омӯзишӣ моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Ромит, шаҳрҳои Норак ва Гулистон баргузор шуданд. Дар он 86 намояндаи милитсияи тоҷик ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд.

Дар тренингҳои омӯзишӣ иштирокдорон ва коршиносони маҳаллӣ Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитисияро баррасӣ ва муҳокима карданд. Инчунин иштирокдорон дар бораи усулҳои чӣ гуна робита намудан бо шаҳрвандонро омӯхтанд ва аз рӯи намунаи нақшаи кории ҳамкории ҷомеа ва милитсия машқҳои амалӣ иҷро намуданд. Омӯзиши муштарак, ҳамкории наздики байни мақомотҳои милитсия ва Шӯроҳои ҷамъиятиро, ки айни ҳол дар дар доираи ислоҳоти милитсия сурат мегирад, боз ҳам устувор намуд.

Проффесори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рифат Юлдошев гуфт: “Ривоҷи ҳамкории милитсия ва ҷомеа ба шаҳрвандони мо борои беҳатар баррасӣ ва назорат намудани ислоҳоти милитсия кӯмак мекунад. Иштирокдорон машқҳои амалиро иҷро намудани, ки барои таҳкими ҳамкории наздик бо ҳукумати маҳаллӣ ва ҳалли эҳтиёҷҳои ҷомеа равона шудаанд”.

Қузратулло Ғуломов, Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон қайд кард: “САҲА усулҳои нави нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ меомӯзонад. Мо аз ин миннатдор ҳастем ва барои тақвияти ҳамкории милитсия ва ҷомеа аҳмияти махсус медиҳем”.

Добавить комментарий