12-уми май роҳбари ҳайати ба Тоҷикистономадаи СҶТ Патрик Конор бо иштироки коршиносон ва доираи васеи намояндагони ВАО нишасти хабарӣ ташкил карда, вазъи коронавирус дар кишварро баррасӣ ва аз сафари ҳайаташ натиҷагирӣ кард.

— Имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи паҳнкунии коронавирус ворид гашт, — гуфт Коннор. – Чорабиниҳои вокуниш ба хурӯҷи коронавирус аз 12 то 18 ҳафтаи оянда идома мекунад, аз ин рӯ мо дар ин давра бояд эҳтиёткор бошем.

Патрик Коннор иброз намуд, мардум бояд донанд, ки чораҳои асосии мубориза бар зидди ин беморӣ риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштии ҷамъиятӣ, пӯшидани моск ва нарафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Илова бар ин, Коннор таъкид кард, ки СҶТ ва Вазорати тандурустӣ тавсия медиҳад, чораҳои беҳдоштӣ аз тарафи мардум ҷиддӣ риоя шавад.

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди пешниҳоди тавсияҳои намояндаи СҶТ Патрик Коннор ва Вазорати тандурустӣ, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон хуруҷи коронавирусро сокинон ҷиддӣ қабул накарда, аз гаштузори дастаҷамъӣ то ҳанӯз худдорӣ намекунанд. Дар ноҳияҳои дуртар аз маркази ҷумҳурӣ тадбирҳои беҳдоштиро пурра риоя накарда, дар назди фурӯшгоҳҳо, нуқтаҳои интиқолдиҳандаи маблағ ва дорухонаҳо масофаи истро ба инобат намегиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here