Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева дар ҷараёни  ҳамоиши вобаста ба коронавирус, ки 16-17-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд,  суханронӣ карда гуфт, “то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст”.

Ӯ  таъкид намуд, ки шароити ташхиси беморон дар озмоишгоҳҳои Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ буда, СҶТ ҳамарӯза бо ин озмоишгоҳҳо дар иртиботи зич аст.

– То 16-уми апрел дар ин озмоишгоҳҳо 2317 адад ташхис анҷом дода шудааст, ки 440-тои он такрорӣ мебошад, – гуфт Галина Перфилева.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта, дар кишвар марги чанд сокини дар қарантин қарордошта, сару садои шаҳрвандонро атрофи ба коронавирус мубтало шудани фавтидагон зиёд кард, аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иттиҳомро рад намуда, марги онҳоро ба илтиҳоби шуш марбут донист.

Дар интиҳои баромадаш Галина Перфилева  аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки дар ин давраи ҳассос танҳо маводҳоеро омода созанд, ки факту далелҳои воқеиро фарогир бошанду мардумро ба воҳимаву ҳарос наандозанд.

Акс аз вебсайти Вазорати тандурустӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here