Имрӯз, 3-юми октябр, овоза шуд, тақрибан соати 12:00 дар бозори “Корвон”, ки калонтарин бозори шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад, сӯхтор ба амал омадааст.

Як манбаи боэътимод аз бозори “Корвон” ба faraj.tj  иттилоъ дод, як ҳоҷатхонаи соҳибкорои инфиродӣ бо номи Ҳоҷӣ Зайниддин, ки ба корҳои кафшергарӣ (сварка), машғул будааст, оташ гирифтааст.  Ба иттилои манбаъ, ин соҳибкор бе иҷозати маъмурияти бозор ба ин кор машғул будааст. 

Ҳамзамон, манбаъ иттилоъ дод, ки дар натиҷаи сӯхтор нуқтаҳои фурӯши ягон соҳибкор зарар надидааст.  “Танҳо анборхонаи ҳамин ҳоҷатхона, ки дар он қоғазҳои ташноб ва дигар маводҳои шӯянда нигоҳ дошта мешуданд, оташ гирифтааст. Ҳангоми ворид гардидани техникаи оташхомӯшкунӣ дарвозаҳои рақами 3 ва 4-и бозор як муддат баста шудаанд  ва айни замон бозор тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият менамояд”, — илова кард ӯ. 

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин сӯхтор зарари молӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

 

Бозори “Корвон” аз калонтарин бозорҳои Душанбест, ки борҳо оташ гирифтааст.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here