Мақомоти ноҳияи Панҷ сару садоҳо дар мавриди он, ки сӯхтори субҳи 5-уми сентябр дар бозори марказии ноҳия гӯё бо айби яке аз соҳибкорон рух додааст, рад карданд ва сабаби онро расиши кӯтоҳи ноқили барқ унвон карданд.

Муовини раиси ноҳияи Панҷ Шарофиддин Асомиддинзода дар сӯҳбат бо faraj.tj низ гуфт, ки сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи барқи ноқилҳо сар задааст.

— Дар оташсӯзӣ ягон соҳибкор гунаҳгор нест. Шаб барқро хомӯш мекунанд. Соати 5-и саҳар бо додани барқ дар яке аз яхдонҳои дохили бозор расиши кӯтоҳи барқ ба миён меояд. Аз сабаби он ки дӯконҳо ҳамаашон пластикианд, оташ зуд аланга мегирад ва дар як муддати кӯтоҳ ба масоҳати калон паҳн мешавад, — гуфт Асомиддинзода.

Аз Прокуратураи ноҳияи Панҷ дар мавриди ин қазия маълумот надоданд ва гуфтанд, ки «тафтишот аз ҷониби Идораи сӯхторхомӯшкунӣ дар якҷоягӣ бо муфаттишони шуъбаи милисаи ноҳияи Панҷ идома дорад ва ба мо ягон маълумот дастрас нест».

Як манбаъ аз идораи оташнишонӣ бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, сарчашмаи сӯхтор яхдони яхмосфурӯшӣ мебошад, ки дар натиҷаи расиши кутоҳи барқи ноқилҳо сӯхтор ба вуҷуд омада, 37 дӯкон пурра ба коми оташ рафтааст. Феълан шахсияти соҳибкор муайян карда нашудааст. 

Бегоҳи рӯзи гузашта, пас аз сӯхтор, овозаҳо дар бораи он, ки оташсӯзӣ аз яхдони яхмосфурӯшӣ дар дӯкони Сафар ном аз яке аз соҳибкорони бозор сар задаву пас аз муайян кардани ҳолат ӯ фирор кардааст ва мақомот дар пайи  ҷустуҷӯи ӯянд, зиёд гардид.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Умарҷони Эмомалӣ низ дар сӯҳбат бо faraj.tj сабаби сӯхторро расиши кӯтоҳи барқи ноқилҳо дар яке аз мағозаҳои бозор унвон кард ва гуфт, ки оташ масоҳати 240 метри мураббаъро фаро гирифтааст, ки дар натиҷа 89 ҳазор сомонӣ зарар ба соҳибкорон ворид гардидааст. Умарҷони Эмомалӣ инчунин гуфт, мақомот то ҳол касеро дар сӯхтор муҷрим нашинохтааст ва дар пайгард ҳам қарор надодааст. Шояд масъулонро барои хунукназарӣ танбеҳ диҳанд. Феълан санҷиш идома дорад.

Ҳангоме ки мавод омода мешуд, аз Мақомоти ноҳияи Панҷ бо мо хабар доданд, ки алҳол барои дастгирии соҳибкорон чораҳо андешида истодаанд.

— Соҳибкорони зарардида пас аз барқарор кардани дӯконҳояшон давоми як сол аз иҷора ва чекпулии бозор озод карда мешаванд. Инчунин, тасмим дорем бо роҳбарияти бонкҳо гуфтушунид карда, нафароне, ки барои соҳибкорӣ қарз гирифтаанд, то як муддат фоизи бонкии онҳо қатъ карда шавад. Мо имконияти манъ кардани пардохти маблағи иҷозатномаи соҳибкории (патент) онҳоро надорем, вале кӯшиш мекунем, то аз кӯмаку имтиёзҳои дигар онҳоро бархӯрдор кунем, — гуфтанд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ.

Шамсулло Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here