ВКД ҶТ сӯхтани мошини ҳомили газ дар шаҳри Ваҳдатро шарҳ дода, иттилоъ дод, ки 7 сентябр, соати 12:05 дар Нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Сафина», мансуб ба ҶДММ «Ваҳдат-20», воқеъ дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат, деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат, сӯхтор сар зад.

Гуфта мешавад, ки мувофиқи иттилои коршиносони соҳа сабаби сӯхтор риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми интиқоли гази моеъ аз автомашинаи тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 19 89 АВ 01, ба зарфҳои нигоҳдории газ, яъне дар натиҷаи ихроҷшавии гази моеъ аз зарфи автомашинаи тамғаи «Дулан» ба амал омадааст.

Дар натиҷаи сӯхтор фавти одамон ва ҳолатҳои бардоштани ҷароҳатҳои сӯзиши бадан ба қайд гирифта нашудааст.

Зарар аз сӯхтор аз тарафи мутахассисон муайян карда мешавад.

Тафтиши ҳодисаи мазкур аз тарафи хадамоту мақомоти дахлдор идома дорад.

Добавить комментарий