Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба  унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки истифодаи шишаҳои сиёҳранг дар воситаҳои  нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғул мебошанд, манъ карда шавад.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини бехатарӣ ва амнияти мусофирон дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт роҳандозӣ мешавад.

Сиёҳ кардани шишаи автомобилҳо дар Тоҷикистон бо пардохти маблағи муайян ба хазинаи давлат ба даст меояд, ки ин пул барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун равона мешавад. Бе иҷозат сиёҳ кардани шишаи мошин ҷарима дорад, ки он ҳам ба хазинаи Роғун интиқол меёбад.

Добавить комментарий