Вазорати мудофиаи Русия аз нобуд карда шудани Гулмурод Ҳалимов хабар дод. АИР Новости хабар дод, ки бар асари ҳамлаи нерӯҳои ҳарбии ҳавоии Русия ба мавқеи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар наздикии Дайруззори Сурия полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳамла 40 нафар ҷангҷӯёни ин гурӯҳи террористӣ ва чанд тан аз фармондеҳон низ нобуд карда шудаанд. Дар миёни кушташудагон собиқ фармондеҳи гурӯҳи зудамали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, «амири» Дайруззор Абӯ Муҳаммад Ашшимолӣ низ будаанд.

Гуфта мешавад, ки Гулмурод Ҳалимов моҳи сентябри соли 2016 “вазири ҷанг”-и гурӯҳи террористӣ таъин шуда будааст. Ӯ дар ин вазифа Тархан Батирашвилӣ, мулаққаб ба Абӯ Умар Ашшишониро иваз кардааст.

Ин бори аввал нест, ки дар бораи кушта шудани Гулмурод Ҳалимов иттилоъ пахш мешавад, аммо ҳар бор ӯ бо паёме ё аксе аз зинда будани худ дарак медиҳад.

Добавить комментарий