Дастаи мунтахаби футболи Русия, ки то шоми дирӯз дар гуруҳи 2-и Лигаи В-и мусобиқаи Лигаи миллатҳои UEFA бо 7 имтиёз дар садри ҷадвал буд, натавонист ба дивизиони болотар ҳаракат кунад.

Вохӯрии дишаб тақдири ҷойи аввалро ҳал кард. Шведсия, баъди ғалаба бар Туркия, дар майдони худ бо Русия бозӣ кард. Ҳар натиҷа дар ин бозӣ, ба ғайр аз ғалабаи Шведсия, бар нафъи Русия буд. Шведсия дар сурати ғалаба имтиёзҳояшро ба 7 мерасонд ва соҳиби роҳхат мешуд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва Шведсия ду голи беҷавоб ба дарвозаи русҳо зад ва ба Лигаи А роҳхат гирифт. Черчесов бо шогирдонаш боз дар Лигаи В бозӣ мекунад. Туркия дар ин гуруҳ ҳамагӣ 3 имтиёз дорад ва ба дивизиони поён интиқол меёбад.

Ҳамин тавр, дар ҳамаи гуруҳҳои Лигаи А ғолибон муайян шуданд. Инҳо дастаҳои Португалия, Нидерландия, Швейсария ва Англия  ҳастанд, ки моҳи июни соли 2019 дар марҳилаи финалӣ бозӣ мекунанд. Қуръакашӣ 3-юми декабр баргузор мешавад.

Дастаҳои Украина, Шведсия, Босния ва Ҳерзоговин, Дания аз Лигаи В ба Лигаи А баромаданд.

Дар Лигаи С дастаҳои Шотландия, Финляндия, Норвегия ва Сербия, дар Лигаи дастаҳои Гурҷистон, Белорус, Косово, Македония муваффақ шуданд, ки ба дивизиони болотар роҳхат гиранд.

Добавить комментарий