Тавре вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко дар барномаи “Вести”-и шабакаи “Россия 1” гуфт, натиҷаҳои аввалини истифодаи клиникавии воксин дар Русия ва дастрасии пурра ба он ба охирҳои моҳи июл рост меояд.

18-ум май вазир гуфта буд, ки санҷиши клиникавӣ баъд аз як моҳ сурат мегирад. «Имрӯз, ки чанд созанда дар омодакунии воксин корҳои амалӣ мебаранд, санҷиши клиникавӣ мегузаронанд” – гуфтааст ӯ дар мусоҳибаи охиронаш.

Тадқиқотчиёни рус ҳам пешгӯйӣ карданд, ки воксин дар даҳрӯзаи охири моҳи июл тайёр хоҳад шуд. Моҳи апрел  президенти Русия Владимир Путин низ ба Вазорати тандурустӣ дастур дода буд, ки воксин бар зидди коронавирусро ҳарчӣ зудтар омода кунад.

Истеҳсоли воксин мумкин аст, моҳи август шурӯъ шавад, арз кардааст директори Маркази миллии тадқиқотии эпидемологӣ ва микробиологии ба номи Н.Ф.Гамале Александр Гинтсбург. Ӯ мегӯяд, таъмин кардани кулли аҳолӣ имконнопазир аст. Ба қавли ӯ, барои  бо суръати баланд истеҳсоли воксинро ба роҳ мондан, вазорат роҳҳои мусоидро ҷустуҷӯ дорад.

Добавить комментарий