Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба бемории сироятии коронавирус  гирифтор шуда дар беморхона бистарӣ шудааст.

– Бале, ман бемор шудаам. Ҳоло табибон маро табобат мекунанд, – гуфтаааст ӯ ба хабарнигорон. Ҳоло вазъи бемории ӯ пурра дақиқ нашудааст.

Дар охири  моҳи март Песков хабар дод, ки дар маъмурияти президенти Русия  санд нафар ба вируси корона мубтало шудаанд. Баъдтар маълум шуд, ки ба се узви ҳукумати Русия аз ҷумла сарвазир Мишустин коронавирус сироят кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Русия имрӯз аз рӯйи  рейтинги ҷаҳонии сирояти коронавирус, пас аз ИМА ҷойи дуюмро гирифт. Дар айни замон, шумораи фавтидагон дар Русия нисбат ба ИМА ва кишварҳои Аврупо камтар аст.

Добавить комментарий