Шабонарӯзи 3-юми май, дар Русия 10 ҳазору 581 ҳолати нави мубталошавии сокинон ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ба иттиои Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус, миқдори аз ҳама зиёди гирифторшавӣ дар шаҳри Маскав сабт гардидаанд, ки 5 ҳазору 795 нафарро дар бар мегирад.

Дар вилояти Маскав 803 ҳолат ва дар Санкт-Петербург 317 ҳолат ошкор шудааст. Миқдори фавтидагон дар ин шабу рӯз 76 нафар мебошад. Шумораи нафароне, ки дар тӯли 24 соати 3-юми май аз коронавирус пурра шифо ёфтаанд 1 ҳазору 456 нафарро ташкил медиҳад.

Дар умум теъдоди афроди гирифтор ба коронавирус дар Русия 145 ҳазору 268 нафар мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here