Дар Русия 22-юми апрел, раъйпурсии умумихалқӣ барои тайғиру иловаҳо ворид кардан ба қонуни асосии давлат – конститутсия, баргузор мегардад.

Дар ин бора Интерфакс дар такя ба маълумоти вакили порлумони Русия Павел Красхениннков хабар додааст.

— Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 26-уми феврал розӣ шудааст, ки  раъйпурсии умумихалқӣ рӯзи 22-юми апрел доир гардад. Дар ин рӯз русҳо имкон доранд, барои тайғиру иловаҳо ворид кардан ба конститутсия раъй диҳанд, — гуфтааст ӯ бв Интефакс.

Владимир Путин моҳи гузашта тағйироти конститутсионие пешниҳод кард, ки дар асоси он метавонад муҳлати президентиаш то соли 2024-ро, дароз кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here