Се нафар хонандаи мактаби миёнаи рақами 67-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ духтараки шашсолаеро, ки бо дугонаҳояш дар назди бинои истиқоматӣ машғули бозӣ будааст, ба симтур баста, оташ задаанд.

Дар ин бора имрӯз, 21-уми июн, наздикони духтараки маъсум ба «Фараж» иттилоъ доданд.

Падари духтарак Шерзод Зулфонов гуфт, ҳодиса рӯзи 19-уми июн, соати 10, дар назди хонааш сар задааст ва лаҳзаи вуқуи он дар хона набудааст. Падар мегӯяд, ин ҷиноятро бачаҳои деҳаи дигар содир кардаанд, ки бекоранд ва рӯзи дароз деҳа ба деҳа мегарданд. Номбурда, ки дар бораи ҷузъиёти ҳодиса чизи бештаре намедонад, гуфт, муфаттиши ШВКД Сино-2-и ноҳияи Сино аз пайи таҳқиқи ҳодиса аст. Аҳволи Осияи шашсола феълан вазнин буда, дар дармонгоҳи шаҳрии рақами 3, маъруф ба «Ожоговий», бистарӣ аст. Наздикон, аз қавли табибон мегӯянд, 65 дарсади бадани кӯдак сӯхтааст.

Зангҳои пай дар пайи мо ба хадамоти матбуотии ВКД барои пайдо кардани ҷузъиёти бештари ҳодиса беҷавоб монд.

Ҳодисаро пайгирӣ мекунем.

Добавить комментарий