Хуҷамурод Гулмуродов, ронандае, ки дар хатсайри № 8-и пойтахт ба мусофирон  ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа ройгон хизмат мерасонд, ба бемории фалаҷ гирифтор шудаасту аз ҷомеа ёрӣ мехоҳад. Гулмуродов 5 моҳ мешавад ба бемории фалаҷ гирифтор аст.

Гулмуродов ба  faraj.tj гуфт: “Моҳи марти соли равон дар маҳаллаи 82, ҳангоми кор,  як зан пеши роҳам баромад ва ман ӯро пахш накунам гуфта нақлиётамро ба дигар самт  гардондам, дар ҳамин ҳол  аз ҳуш рафтам. Маро  ба корхона бурданд. Баъди  каме ба худ омадан ба хона рафтам, ки боз як ҳодисаи нохуш сар зад,  қариб  ба садамаи нақлиётӣ гирифтор мешудам.

Чун ба хона расидам сарам чарх заду дар ҷоям нишастам, хостам аз ҷоям хезам, аммо нашуд, тарафи чапам кор намекард. Духтурон баъди ташхис гуфтанд, ки сактаи мағзӣ кардаам ва наметавонам як мудати муайян ба ронандагӣ машғул шавам. Бояд табобат гирам”.

Хуҷамурод Гулмуродов аз соли 2012 то моҳи марти соли равон дар хатсайри № 8 ба мусофиркашонӣ машғул будаву имрӯз бемор аст. Хоҷамуродов аввалин шахсест, ки аввалҳо дар  Идҳои Қурбону Рамазон  ба мусофирон ройгон хизмат мерасонид ва ин иқдоми худро аз соли 2016 ҳар ҳафта рузҳои ҷумъа ба роҳ монда, 8 моҳ ба мардум дар рӯзҳои ҷумъа ройгон хизмат кардааст.

Тавре худи ӯ мегӯяд дар оилааш 6 нафаранд ва ҳама бекоранд, аз ин рӯ барои табобаташ пул надоранд.  Ӯ аз мардуми хайрхоҳ мехоҳад, ки ҳар кас ба қадри тавон барояш ёрие дареғ надорад, то шифо ёфта, дубора пайи кори хайр ба одамон шавад.

Гузориши зерро радиои “Озодӣ” ҳангоми ройгон  хизмат расонидани Гулмуродов Хуҷамурод дар хатсайри № 8 омода кардааст:

 

PS. Хайрхоҳон метавонанд, ки барои ёрӣ расондан ба ин мард ба рақамҳои зер тамос гиранд: 919 82 64 60, 901 24 10 56 

Добавить комментарий