Ду ронанда аз беэҳтиётӣ фарзандони худро зери чархи автомобил гузоштанд ва як нафари дигар пиёдагардро пахш кард, ки дар натиҷа се нафар ҳалок шуданд.

Марди 28-солаи сокини ноҳияи Тоҷикободро бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани одам дастгир карда шудааст. Номбурда, 15-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 10:00, дар назди ҳавлии истиқоматиаш, ҳангоми ба қафо рондани автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, аз беэҳтиётӣ духтари ноболиғаш Хосияти Меҳроҷиддин, соли таваллудаш 2013-ро, ки ба бозӣ машғул будааст, пахш кардааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба ҳамин монанд ҳодисаи дигар рӯзи 7-уми сенятбри соли 2017, тахминан соати 17:20, рух додааст. Ҷонимқулов Баҳодур Худойқулович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Хуросон, дар дохили ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми ба қафо рондани автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, аз беэҳтиётӣ духтари хурдсолаш Ҷонимқулзода Маҳина Баҳодур, соли таваллудаш 2016-ро зер кардааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона расондан ҷон додааст.

8-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ғаффоров Бобишо Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Файзобод ба самти шаҳри Ваҳдат, дар рӯ ба рӯи деҳаи Заргари ҳамин ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Меликшоев Дониёр Қосимович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Заргарро пахш кардааст. Пиёдагарди ҷароҳатбардошта дар роҳ ба беморхона ҳалок шудааст. 

Добавить комментарий