Имрӯзҳо фиристодан ва гирифтани маблағ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбад, зеро ин бозор дар байни аҳолӣ талабот дорад.

Айни замон, вазифаи асосии Бонки Эсхата таъмин намудан ва дастрасии муштариён барои гирифтани маблағ аз хориҷа мебошад.

Имрӯз ба муштариёни Бонки Эсхата кадом тарзҳои ирсол ва гирифтани маблағ дастрасанд?

  1. Интиқол ва қабули маблағ тавассути системаи Юнистрим ва Контакт, ки ҳоло ба Маркази протсессингии идоракунии интиқол пайваст мебошад. Интиқоли маблағро шаҳрвандон одатан дар филиалҳои Бонки Эсхата дастрас хоҳанд кард. Махсусан барои муштариён нуқтаҳои кассавии шабонарӯзӣ мавҷуданд, ки суроғаи онҳоро шаҳрвандон метавонанд дар сомонаи мазкур пайдо намоянд: http://www.eskhata.com/about/bank/branches.php
  2. Интиқоли маблағ тариқи барномаи «Сбербанк Онлайн» ба корти қабулкунанда. Барои ин амалиётро анҷом додан ирсолкунанда, ки дар Русия ҳузур дорад бояд, корти Сбербанк дошта бошаду замимаи барномаи «Сбербанк Онлайн» -ро ба телефони худ интихоб карда, қадамҳои муайянро гузарад ва ба корти гиранда (корти маҳаллӣ ё корти “Ягона”), ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, пул фиристад. Хизматрасонӣ 24 соат дар як рӯз, 7 рӯз дар як ҳафта дастрас аст ин намуди хизматрасонии замонавӣ ба муштариён имкон медиҳад, ки вақти худро аз интизори тулонӣ дар бонк сарфа намоянд. Қабулкунанда дар вақти дилхоҳ метавонад, маблағи нақдро дар ҳар банкомати наздиктарини Бонки Эсхата дастрас кунад. Маълумоти иловагиро дар бораи ин намуди хизматрасонӣ дар инҷо пайдо кардан мумкин аст: http://eskhata.com/about/news/4365/
  3. Интиқоли маблағ тавассути системаҳои Юнистрим ва Контакт: қабулкунандагон метавонанд, тавассути корт тариқи вебсайти Бонки Эсхата дар муддати 1 дақиқа дастрас хоҳанд кард. Дар саҳифаи асосии сайт «Гузариш ба кортро» дарёфт кунед ва барои амалиёти зарурӣ ҷойҳои заруриро пур кунед : http://eskhata.com/

Ҳаққи интиқол тибқи тарифҳои тасдиқшуда ситонида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here