Роҳҳои маҳаллии Чоряккорон-Ҷӯйбодом-Сарикиштӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, дар назар аст аз нав таъмир шаванд. Ин суханон аз ҷониби муовини аввали вазири нақлиёти кишвар Суҳроб Мирзоев зимни нишасти хабарӣ садо дод.

Муовини вазир ба саволи хабарнигори “Фараж”, ки оид ба вазъи таъмирталаби роҳҳои маҳаллӣ буд, посух дод, ки пас аз дида баромадани вазъ, ин мушкилиҳо бартараф хоҳанд шуд.

“Чун аз вазъи роҳҳои маҳаллии Чоряккорон-Ҷӯйбодом-Сарикиштӣ гуфтед, дар ҳақиқат ман аз ин роҳҳо дидан намудам ва огоҳ ҳастам. Саволи шумо ба инобат гирифта мешавад ва мо баъди дида баромадан роҳҳоро аз нав таъмир менамоем”,-гуфт вазир.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here