Имрӯз, 28-уми май, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сафар карданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дасгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия то имрӯз 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамаи онҳо бо шароити мусоиди корӣ таъминанд ва мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо табибони ноҳия вохӯрии судманд анҷом доданд.

Таъкид карда шуд, ки бо эълони вазъияти дунёгир шудани коронавирус Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба хотири пешгирӣ аз эпидемияи баамаломада корҳои зарурӣ ба сомон расонид.

Ташкили Ситоди махсуси ҷумҳуриявии мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии навъи COVID-19, муҷаҳҳаз гардонидани беморхонаву марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои махсуси муҳофизативу маводи зиддивирусӣ ва ташкили беморхонаҳои муваққатии сироятӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки то ин давра давлату Ҳукумати мамлакат сомон доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид карданд, ки пизишкон бояд барои муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ созанд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ ба роҳ монанд.

Сарвари давлат барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона ба пизишкон изҳори миннатдорӣ карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here