Зимни сафари кории худ Призиденти кишвар дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар, Кохи Фарҳанг ва маркази иттилоотӣ,  бинои иловагии таълимии Муасссиаи ғайридавалтии “Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар” ва Маркази ташхиси тиббии “Дурахш”-ро мавриди истифода қарор дод.

Сармеъмори бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳр бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода дод.

Ба гуфти манбаъ, бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Толори Кохи фарҳанг, ки дорои 510 ҷойи нишаст мебошад, бо истифода аз санъати қадима гаҷкорӣ шуда, ба таври хос ва диққатҷалбкунанда оро ёфтааст.

Дар баробари толори бошукуҳ, кох дорои толори рақс, маҷлисгоҳ бо 75 ҷойи нишаст, китобхона бо фарогирии 5 ҳазор нусха китоби гуногун ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Дар бинои мазкур бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, бахши ҷавонон ва варзиш, Театри халқии шаҳри Бохтар, рӯзномаи шаҳрии “Набзи Бохтар”, ансамбли рақсии кӯдаконаи “Ситора”, маркази фарҳангии “Ҷавонон”, Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи нависандагони вилояти Хатлон низ ҷой дода шуда, бо назардошти талаботи кормандон ҳар ҳуҷраи корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Баъди мавриди истифода қарор додани Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои 150 нафар шароити корӣ муҳайё гардид.

Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли санъату ҳунари шаҳри Бохтар 50 адад сози мусиқии миллӣ туҳфа карда шуд, ки ин омил дар тақвият ёфтани ҳунару маҳорати санъаткорон ва рушди бештари соҳаи фарҳанги мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

Роҳбари давлат зимни ин сафари кории худ дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар”, ки аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, 45 синфхона, китобхона, толори маҷлисгоҳ, хонаи омӯзгорон, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дорад, мавриди истифода қарор дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр Маркази ташхиси тиббии “Дурахш”-ро мавриди истифода қарор дод. Иншооти соҳаи тандурустӣ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бо тарҳи хеле зебо бунёд шуда, аз таҳхона ва 5 ошёна иборат мебошад. Маркази ташхиси тиббӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори ватандӯст Маҳмадраҳим Соҳибов бунёд шудааст.

Маркази ташхиси тиббӣ дорои 70 кат барои беморон аст ва дар он 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ имкон дорад, ба зиёда аз 5 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонад.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази ташхиси тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ бунёд гардида, корҳои сохтмониро мутахасисони маҳҳалӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир анҷом додаанд.

Дар ошёнаи якуми маркази ташхиси тиббӣ гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст, ки истифодаи самарабашх аз гулу гиёҳҳои шифобахши диёр бартарии дигари ин муассисаи тандурустӣ дар табобати беморон мебошад.

Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии муосир имкон медиҳад, ки ба аҳолӣ намудҳои зиёди ташхис ва хизмати тиббию санитарӣ расонида шавад.

Аз ҷумла, ташхиси бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон ба роҳ монда шудааст. Илова ба хизматрасониҳои ташхисӣ дар иншооти тиббӣ, бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи табобати дандон низ фаъолият менамоянд.

Озмоишгоҳҳои марказ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳа аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ, бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд. Дар маркази ташхиси тиббии навбунёд ҳуҷраи модару кӯдак, ҳуҷраи хатна, утоқи ташхиси ултрасадо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.

Иншооти мазкур дорои шароити зарурии тиббӣ, санитарию безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа пурра таъмин аст.

Роҳбари давлат ҳамчунин зимни сафари кориаш  бо вазъи нашъунамои сабзавот дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар шинос шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here