Рақиби навбатии размгари доғистонӣ Ҳабиби Нурмуҳаммадов барои рақобати ояндааш дар UFC муайян гардид. Тибқи гуфтаи роҳбарияти UFC Дана Уайт рақиби навбатии Нурмуҳаммадов амрикоӣ Ҷастин Гетжӣ хоҳад буд.

Ҷастин Гетжӣ рӯзи гузашта, 10-уми май, дар муҳорибаи UFC Тони Фергюсонро мағлуб кард.  Пас аз мубориза Ҷастин Гетжӣ камарбанди муваққатии қаҳрамонии UFC-ро ба замин партофт.  Ҳангоме ки аз ӯ сабаби ин амалашро пурсон шуданд, чунин посух додааст: “Ман интизори камарбанди воқеӣ ҳастам. Ҳабиб беҳтарин дар ҷаҳон аст. Ман чор сол боз барои чунин муҳориба талош мекунам ва хурсандам, ки ИМА-ро дар муқобили беҳтарин размгари рус намояндагӣ хоҳам кард”.

Дар назар аст, ки муҳорибаи ин ду размгар тирамоҳи имсол ба вуқуъ хоҳад пайваст. Қаблан, Ҳабиб дар саҳифаи твитериаш навишта буд, ки дар моҳи Рамазон рӯза гирифта, дар ягон муҳориба иштирок нахоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here