Имрӯз, 14-уми январ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор фармон таъйиноти кадрӣ кард, ки назаррастарини он аз вазифа сабукдӯш шудани раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ буд.

Президент ба ҷойи ӯ Ҳакимзода Қурбонро, ки дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, раиси ин вилоят таъйин кард. Дар фармон гуфта мешавад, ки Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод карда шавад. Худи ҳамин рӯз, бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ Ибодзода Хайруллоро дар ин вазифа иваз кард. 

Дар фармонҳои имрӯзи президент омадааст, ки Ҳакимзода Қурбон аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад ва фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад.

Ҷойи Ҳакимзодаро дар ин кумита Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ гирифт ва фармони таъйин шудани ӯ барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, Ҷонон Шерали Сайдамир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳамзамон аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-ланка, Ализода Назирмад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон озод карда шуданд.

Бо як фармони дигар Ибодзода Хайрулло Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон таъйин карда шуд.

Дар идома, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва таъйин гардид.

Добавить комментарий