Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба  раисони судҳои Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дод, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор дода,  риояи ҳатмии талаботи Қонуни мазкурро ба роҳ монанд.

Ин нуктаро Шермуҳаммад Шоҳиён  дар маҷлиси васеъ, ки дар он фаъолияти мақомоти судӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 натиҷагирӣ гардид, зикр кардааст.

Дар ҳамоиш нисбат ба ин масъала ба судяҳои судҳои ҷумҳурӣ маълумот дода шуда, зикр гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод кардани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд, ё дар асоси ҳукми судҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд, пешбинӣ гардидааст.

Аз рӯи маълумоти пешакӣ, Қонуни мазкур баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан нисбат ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here