Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бао як қарори худ тасмим гирифтааст, ки минбаъд  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо, ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ғолиб меоянд, ҳавасманд гардонида мешаванд.

Тибқи ин қарор,   ғолибони ҷойҳои якум бо маблағи  1500 сомонӣ, дуюм бо маблағи 1000 сомонӣ,  сеюм бо маблағи 500 сомонӣ ва омӯзгороне, ки ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе омода намудаанд, бо маблағи 2000  сомонӣ ҳавасманд гардонида  мешаванд.

Тибқи қарори дахлдори раиси шаҳр, барои ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони онҳо 176500 (як саду ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here