Дирӯз дар Хоруғ ҷаласаи фаъолони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор шуд, ки дар садри он раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  Саймуъмин Ятимов, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон   ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ширкат доштанд. Дар маҷлис фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ин ҷаласа аз  он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки на ҳама сокинони вилоят ба дастгириву ғамхориҳои президент бо самимияту садоқат ҷавоб мегардонанд. Даст задани қисмати муайяни ҷавонону наврасон ба ҷинояткориҳо, аз қабили нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, даст доштан дар гардиши ғайрищонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо аз мушкилоти асосӣ унвон карда шуда, таъкид гардид, ки ояндаи миллат аз дараҷаи дониш, шахсият, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи насли имрӯза вобастагии ҷиддӣ дорад.  Зикр карда  шуд, ки имрӯзҳо роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба тарбияи насли ҷавон таъсиргузор буда,  онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Маҳз бо тавсия ва дастгирии ин гурӯҳҳо ҷавонон даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.

Дар давоми як моҳи ҳисоботӣ аз ҷониби аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ихтиёран ба Ситод байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят 183 адад силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ супорида шуд, ки аз ин миқдор  75 адад автомати Калашников, 3 адад пулемёти Калашников, 30 адад норинҷаки дастӣ супорида шудааст. Ҳамчунин ихтиёран ба мақомот ҳозир шудани қисмати муайяни нафароне, ки дар кофтуков қарор доштанд,  қобили зикр  аст.

Юсуф Раҳмон   гуфт, ки ҷамъоварӣ гардидани миқдори муайяни силоҳ дар давоми як моҳ шаҳодат аз он медиҳад, ки дар дасти аҳолӣ то ҳанӯз силоҳи ғайрищонунӣ мавҷуд аст ва то силоҳи охирин ҷамъоварӣ карда нашавад, дар бораи таъмини амнияти аҳолии осоишта ҳарф задан бефоида аст.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор намуд, ки  ба таври комил аз таъсири гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ баровардани нафароне, ки солҳо бо онҳо ҳамкорӣ доранд, масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here