Овозаи боздошти раиси ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ Амирхон Ҳалимов бо гумони гирифтани пора дар ҳолест, ки худи ӯ иттиҳомотро алайҳаш рад мекунад ва мегӯяд, ки аз касе пора нагирифтааст.

Раиси ҷамоати деҳоти мазкур Амирхон Ҳалимов рӯзи 6-уми июн дар суҳбат ба “Фараж” сару садоро “дурӯғу иғвоангезӣ” номид ва гуфт, ки аз касе пора нагирифтаст ва дар вазифааш аст. Номбурда нисбат ба қазия шарҳи бештар надод, аммо як шоҳиди ҳодиса, бо шарти ошкор нашудани номаш гуфт, кормандони минтақавии Агентии зидди коррупсия раиси ҷамоатро рӯзи 3-юми июн, дар утоқи корияш боздошт карданд ва аз ӯ 14 ҳазор сомонӣ, ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифтаанд. Манбаъ, ҳамчунин гуфт, нисбат ба Амирхон Ҳалимов дар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парванда оғоз шудааст ва ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дорад.

— Раиси ҷамоат гӯё ба як сокини ноҳияи Восеъ замин ваъда карда, дар ивазаш аз ӯ маблағи мазкурро гирифтааст. Ман ҳеҷ бовар надорам, ки раис пора гирифта бошад. Хеле шахси хубу мутахассиси кордон аст. Боз намедонам…, — гуфт манбаъ.

Тасдиқи хабари боздошти раиси ҷамоати деҳоти Тугарак Амирхон Ҳалимов дар ҳолест, ки муовини раиси ноҳияи Восеъ Шералӣ Ҳасанзода ба гирифтани пора аз ҷониби раиси ҷамоат бовар надорад ва ҳодисаро дигаргуна шарҳ дод. Ба гуфтаи Ҳасанзода, хоҷагидор 14 ҳазор сомониро ба хотири ворид кардан ба касса оварда будааст.

— Хоҷагидор ба ҷамоат меояд, ки кассирро пайдо намекунад. Ӯ қоидавӣ бояд маблағро дар касса месупорид, даромад мекард, баъд аз касса боз хароҷоташ дар ихтиёри раис аст. Ман бовар надорам, ки раиси ҷамоат пора гирифта бошад. Ӯ алҳол дар вазифааш аст. Ин ҷо нофаҳмие шудааст, ки ҳаллӣ худро меёбад, — гуфт муовини раиси ноҳияи Восеъ Шералӣ Ҳасанзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here