Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои паст гардидани қурби сомониро ба вазъи ноустувори геосиёсию иқтисодии шарики асосии тиҷоратӣ, ки ба коҳишёбии қурби пули миллии он (рубли русӣ) нисбат ба доллари ИМА унвон кард.

Роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз, 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар ин баробар зиёд шудани бақияи манфии тавонзуни савдо, ки зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад, афзоиши хароҷотҳои асъории бюҷети давлатӣ, зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ, бинобар афзудани фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ ва омилҳои мавсимӣ сабабҳои дигари поёнравии қурби пули миллӣ мебошад.

Гуфта шуд, дар сол 2018 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ 6,9 сомонӣ коҳиш ёфтааст, ки нисбати паст рафтани қурби он дар соли 2017-ум 5,1 дарсад камтар будааст. Ин коҳишёбӣ дар соли 2017-ум 12 дарсадро ташкил додааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here