Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар масъалаҳои мубрами рӯз, тарбияи ҷавонон дар самти ватандӯстию хештаншиносӣ, нигоҳдошти тарзи ҳаёти солим , пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва баланд бардоштани ҳуввияти миллии онҳо 1030 чорабинӣ бо иштироки 168 ҳазору 324 нафар ҷавон гузаронида шудааст.

Ин маълумотро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода санаи 10-уми феврал дар нишасти матбуотӣ расонаӣ кард. Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки фаъолият дар самти сиёсат аз ҳисоби ҷавонону занон на кам аз 40%-ро ташкил медиҳад.

Дар мавриди кам таваҷҷӯҳ зоҳир намудани ҷавонон ба равандҳои сиёсӣ ва механизми идоракунии давлатро Раҳмонзода Абдулло хоҳиш ва талаби худи ҷавон унвон кард ва гуфт:

— Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳар шахс озод аст, вай мехоҳад дар кадом самте фаъолият кунад, ин аз майлу таваҷҷӯҳи ӯ вобаста аст.

Абдулло Раҳмонзода мавриди аз ҷониби давлат маҷбуран ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбаркунии ҷавононро масъалаи марбут ба механизми маҷбуркунии давлат ҳисобида онро қонунан эътирофшуда эълом кард.

— Вазифаи мо бурдани кори идеологӣ дар байни ҷавонон аст, хизматро ба ҷавон ҳамчун ивазкунандаи дипломи донишгоҳ муариффӣ мекунем. Тарғиботу ташвиқотро байни ин қишри ҷомеа дар мавриди хизмат дар артиш ба роҳ мондаем. Роҳи пешгирии “облава” ин дар байни ҷавонон гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалбкунӣ аст. На ин ки гӯё хизмат кори бачаи камбағал аст, ҷойи лату кӯб, азобу ранҷу гуруснагист. Агар мақомотҳои давлатӣ хизмати яксоларо салоҳ шуморанду пазиранд, мо дастгирӣ мекунем, — иброз дошт Раҳмонзода.

Шаҳноз Ализода

Фараж

Добавить комментарий