Дар вилояти Ҷизахи Ӯзбекистон барои беҳтар кардани вазъи моливу техникии дастаи футболи “Суғдиёна” аз омӯзгорон беш аз 272 миллион сӯм (ҳудуди 33 ҳазор доллар) ҷамъоварӣ карданд.

Тавре Хадамоти назоративу ҳуқуқии Вазорати маорифи Ӯзбекистон муайян кардааст, раиси вилояти Ҷизах рӯзи 2-юми ноябр қарори “Беҳсозии вазъи моливу техникии дастаи футболи “Суғдиёна”-ро имзо кардааст ва 3-4 ноябр дар асоси он ҳашари хайриявии умумимардумиеро баргузор карда, музди меҳнати якрӯзаи кормандони идораву муассисаҳоро ба таври ихтиёрӣ ба ҳисоби бошгоҳ гузаронидаанд.

“Дастури раиси вилоят хилофи қарори № 349-и Девони вазирони Ӯзбекистон дар бораи чораҳои иловагӣ барои маҳви меҳнати иҷборӣ дар кишвар аз 10-уми майи соли 2018 аст”, — омадааст дар иттилоияи Вазорати маорифи Ӯзбекистон.

Ба огаҳии манбаъ, пуле, ки иҷборан ва ғайриқонунӣ ба ҳисоби дастаи футбол гузаронида шуд, ба соҳибонаш баргардонида мешавад.

Добавить комментарий