Пулеро, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар мавзеи Чилдухтарони деҳаи Зери Ҳисор лоиҳаашро маблағгузорӣ накард, Бобомулло Эсоев, як сокини рустои Марғедари ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо истифодаи маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардааш 1-уми декабр, дар рӯзи мавлуди паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с), ба анҷом расонд.

Пули мазкур, бино ба иттилои сокинон, дар мавзеъи Чилдухтарон, дар болои «Сойи доғ»-и деҳаи Зери Ҳисори ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бунёд гардид. Ин ҷо дар гузашта яке аз мавзеъҳои хафвноку селроҳа ба шумор рафта, соли равон бар асари боришоти зиёди борон ва омадани сел қисмати ин роҳ вайрон шудаву равуои мусофирон ва ҳаракати нақлиёт ба мушкилот рӯ ба рӯ гардида буд.

Раиси ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ Эгамбердӣ Фармонов дар сӯҳбат бо мо изҳор дошт, ки дарозии пули мазкур 10 метр, бараш 10 метр ва баландиаш аз замин 7 метрро ташкил медиҳад. Маблағи ба ин сохтмон сарфгардида 60000 сомонӣ, ё наздики 7000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар маросими ба истифода додани пули мазкур раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ширкат ва суханронӣ намуда гуфт, ин амалкарди Эсоев Бобомулло пешаи саховатмандӣ ва кори хайрест, ки онро дастгирӣ мебояд кард. Сипас, ӯ ба дигар сокиноне, ки дар ин сохтмон саҳми хешро гузошта буданд, миннатдорӣ баён кард ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи ҳукумати шаҳри Панҷакентро супурд.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here