Баҳриддини Сабур, продюсери, тоҷик баъди ғолиб омадани размкори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар Конор Макгрегор бо нашри як видео дар саҳифаи инстаграмаш аз фурухтани мошини худ хабар дод.

Ӯ аз ҷумла иброз дошт: “Ҳоло ки суолҳо дар мавриди хариду фурӯши мошин зиёд шудаанд, ба шумо мерасонам, ки мошини худро дар ҳақиқат фурӯхтам ва агар даҳ мошин ҳам медоштам, барои ин ғолибияти бузург хайр мекардам, маро ҳарфи дилу забонам як аст”.

Ӯ ҳамчунин илова намудааст: “Асоси хайр ин аст, ки бо дасти рост бидиҳӣ, дасти чапат нафаҳмад, вале агар барои шумо муҳим бошад, ман метавонам видеову акс гирифта дар саҳифаам гузорам, лекин сад дар сад одамоне пайдо мешаванд, ки  мегӯянд, ин ҳама худнамоӣ аст”.

Ин амали продюсери тоҷик дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл аз муҳорибаи ҳангомадори размкори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегор дар як видео дар саҳифаи инстаграм костюми худро, ки гӯё ҷуфти ҳамсони костюми Конор будааст, ҳамчун нишони эътироз ба бадрафтории варзишкори ирландӣ оташ зада, ваъда дода буд, ки дар сурати ғолиб омадани Ҳабиб мошини худро фурухта пули онро хайр хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин амали ӯ истиқбол намуда таҳсину офарин гуфтаанд.

Добавить комментарий