Бино ба хабари дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президент Шавкат Мирзиёев роҳбарони ҳайатҳои ниҳодҳои амният ва хизматҳои махсуси Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъро ба ҳузур пазируфт, ки барои ширкат дар як ҷаласаи хос ба Тошканд омадаанд.

Гуфта мешавад, оқои Мирзиёев ташрифи меҳмононро ба кишвараш хайрамақдам гуфт. Ӯ қайд кард, ки Ӯзбекистон ба ҳамкориҳо ва равобити доманфарохе, ки дар чаҳорчӯби ИДМ сурат мегиранд, аз ҷумла ба муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи ситезаҷӯиҳо ва таҳдидҳои замонавӣ аҳамияти хосеро қоил аст.

Дар мулоқот қайд гардидааст, ки минбаъд низ таҳкими ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи барқарории субот ва таъмини амният яке аз авлавиятҳои сиёсати Ӯзбекистонро дар фазои ИДМ ва ишғоли мақоми раисӣ ба он дар соли 2020-ро ташкил хоҳад дод. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ба ҳамкории ниҳодҳои махсуси ИДМ, мисли табодули саривақтии иттилоот ва пиёда кардани амалиёти муштарак дар мубориза бо терроризм, тундгароӣ, ҳамлу нақли маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил  ҳамеша эҳтиёҷ эҳсос карда мешавад.

Хосатан, муҳим будани муттаҳидии нерӯҳо дар мубориза бо киберҷинояткорӣ, муқобилияти шадид ба истифодаи интернет ва технологияҳои дигари иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо мақсади тарғиботи таҷовузкорӣ ва афкори тундгаро дар ин мулоқот қайд шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон мегӯяд, роҳбарони ҳайатҳо ба Президенти Ӯзбекистон барои истиқболи гарм ибрози самимият намуда, аз номи роҳбарони давлати худ ба вай комёбиҳо таманно кардаанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дигари марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ ва суботи он низ баррасӣ шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”.

Тошканд.

Добавить комментарий