Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 21-ум то 23-юми март дар чорабиниҳои СММ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ширкат мекунад, аз ин рӯ иштироки ӯ дар Наврӯзи Тоҷикистон, ки қарор аст 21-уми март дар шаҳри Панҷекат баргузор шавад, аз эҳтимол дур аст.

Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ИА «АП» иттилоъ додааст, ки дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти СММ, аз ҷумла Дабири кулли ин созмон Антониу Гутерриш низ, дар назар аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here