Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар мусоҳиба бо CNBC гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар ҳолати зарурат ба амалиёти низомӣ алайҳи Туркия омода аст. Аммо, вай нагуфт, ки кадом амалҳои Анкара метавонанд ба тасмими президенти ИМА Доналд Трамп бораи истифодаи зурӣ оварда расонанд.

«Мо сулҳро ба ҷанг бартарӣ медиҳем, аммо, агар амалиёти низомӣ зарур бошад, шумо бояд бидонед, ки президент Трамп ба ин амалҳо комилан омода аст», — гуфт ӯ.

Котиби давлатӣ таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида пеш аз ҳама аз фишангҳои дипломатӣ истифода хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, Доналд Трамп ваъда додааст, ки агар Анкара коре кунад, ки ғайри қобили қабул бошад, иқтисоди Туркияро хароб хоҳад кард. Пас аз оғози амалиёти низомии «Манбаи сулҳ» дар шимоли Сурия, Иёлоти Муттаҳида алайҳи чанд мансабдори аршади турк таҳримот ҷорӣ кард.

17 октябр Анкара ва Вашингтон ба мувофиқа расиданд, ки амалиётро барои 120 соат боздоранд. Иёлоти Муттаҳида ваъда дод, ки воҳидҳои курдҳо, ки онҳо дастгирӣ мекунанд, аз хати демаркатсия дар 30 км ҷануби сарҳади Сурия бо Туркия бароварда мешаванд ва Вашингтон нисбати Анкара таҳримҳои нав ҷорӣ намекунад ва маҳдудиятҳои мавҷударо бекор мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here