Писари президенти собиқи Либия марҳум Муаммар Каддофӣ нияти президент шуданро кардааст ва барои дастгирӣ аз Маскав ёрӣ хостааст.

Bloomberg дар такя ба як манбаъ аз Маскав иттилоъ медиҳад, ки Сайфулислом Каддофӣ – писари диктатори собиқи кишвари Либия баъди дар натиҷаи афв раҳо шудан аз зиндон ба намояндаи Русия паёми видеоӣ фиристодааст. Гуфта мешавад, ки намояндаи ӯ бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Богданов вохӯрда, ба ӯ номаеро додааст, ки ба номи президенти Русия Путин будааст.

Каддофии писар мехостааст, ки дар интихоботи президентии соли 2019 ширкат кунад, аз ин рӯ аз Путин ҳам ёрии пулӣ пурсидааст ва ҳам хостааст, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ӯро дастгирӣ кунад.

Боз як нафари дигар ҳам ҳаст, ки нияти президенти ин кишвар шуданро дорад ва Русия ба ӯ ҳусни таваҷҷӯҳ дорад. Ин фармондеҳи Артиши миллии Либия фелдмаршал Халиф Хафтар аст, ки бисёре аз нуқтаҳои тавлиди нафт дар шарқи ин кишвар ва шартномаҳои зиёдеро бо ширкатҳои хориҷӣ дар даст дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here