Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадободи Ҳиндустон пирӯзии дуюмро ба даст овард.

Дар даври дуюм шогирдони Усмон Тошев ба дарвозаи дастаи мунтахаби Сурия 2 голи беҷавоб заданд. Комрон Турсунов дар дақиқаи 46-ум аз масофаи дур голи зебо ва заруриро зад, сипас, Илҳомҷон Баротов дар дақиқаи 67-ум ҳисобро афзун кард.

Дар даври аввал футболбозони мо бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон – мизбони мусобиқа – ғалаба карда буданд (4:2). Бо ба даст овардани 6 хол аз ду бозӣ дастаи Тоҷикистон ба сатри аввали ҷадвали мусобиқа баромад.

Бозии дигари даври дуюм миёни дастаҳои Ҳиндустон – ҶХД Корея 13 июл баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби мо дар даври сеюми Ҷоми байниминтақавӣ дар Аҳмадобод бо дастаи мунтахаби ҶХД Корея бозӣ мекунад. Ин дидор 15 июн дар варзишгоҳи «EKA Arena» соати 19:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад, ки ҳар даста бо ҳам як бозӣ анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи бозиҳои даврӣ ду дастаи беҳтарин дар финал бо ҳам вомехуранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here