Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар доираи лоиҳаи “Партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Кӯлоб” дар соли 2019 бо мақсади таъмини садфоизаи шаҳр ба хидматрасонии ҷамъоварии партовҳо хариди 720 зарфи филлизии бо меъёрҳои  “ГОСТ” омодашударо ба нақша гирифтааст. Дар ин бора роҳбари лоиҳаи “партовҳои сахти маишӣ дар ш. Кӯлоб“, Неъматзода Рустам ба хабарнигори Фараж дар минтақа хабар дод.  

Инчунин, тибқи нақшаи маблағгузории лоиҳа, барои роҳандозии низоми нави ҷамъоварии партовҳо дар шаҳр, сохтмони 360 нуқтаи нави бетонӣ барои ҷой додани зарфҳои контейнерӣ ва таъмиру азнавсозии 36 нуқтаи мавҷуда дар назар аст.

Ҷамъоварии партовҳо дар Кӯлоб то ҳол мушкилоти умда ва ҳалталаб ба шумор меравад. Дар ҳоли ҳозир фаъолиятҳои марбут ба партовҳои сахти маишӣ дар шаҳр аз ҷониби идораи “Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ” (“КВД ХМК”), амалӣ карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол аз ҷониби сокинон пайваста шикояту норизогӣ бобати ноуҳдабароӣ ва бемасъулиятии идораи мазкур садо медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here