Парлумони Эрон барои эътирофи қувваҳои мусаллаҳи ИМА ҳамчун созмони террористӣ овоз дод. Дар ин бора хабаргузории “Форс” иттилоъ додааст. Ба навиштаи нашрия, ин санад дар посух ба куштори фармондеҳи қӯшунҳои махсуси “Алқудс”-и Посдорони инқилоби исломӣ (IRGC) генерал Қосим Сулаймонӣ, ки 3-юми январ дар Ироқ кушта шуд, якдилона қабул шудааст.

Тибқи матни қонун, «ҳама аъзои Пентагон ва ширкатҳои марбута, инчунин муассисаҳо ва фармондеҳоне, ки дар марги Қосим Сулаймонӣ иштирок доштанд» террористанд. Ин ҳуҷҷат, инчунин, ҳукумати Эронро водор мекунад, ки бар зидди амалҳои террористӣ аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи ИМА, ки ба манфиатҳои кишвар таҳдид мекунад, чораҳои қатъӣ андешад.

Тавре ки Форс қайд мекунад, террористӣ эълон кардани қувваҳои мусаллаҳи ИМА яке аз се қадамҳои нақшаи зиддитеррористии Эрон мебошад. Тибқи яке аз моддаҳои қонун, давлати Эрон бояд ба нерӯҳои вижаи Ал-Қудс, ки генерал Сулаймонӣ фармондеҳӣ мекард, 200 миллион евро аз Хазинаи Миллии Рушд барои тақвияти дифои худ пешниҳод кунад. Раиси парлумон таъкид кардааст, ки раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дастур додааст, ки ин маблағ ҷудо карда шавад.

Шаби гузашта Посдорони инқилоби исломӣ (IRGC) оғози амалиёти “Шаҳид  Сулаймонӣ”-ро алайҳи низомиёни ИМА, ки дар куштори фармондеҳи қувваҳои махсуси Бағдод генерал қосим Сулаймонӣ иштирок доштанд, эълон кард ва ба ду пойгоҳи ҳавоии ИМА дар Ироқ ҳамла кард. Дар маҷмӯъ, Эрон ба маконҳои амрикоӣ 15 мушак партофтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here