Ба назар мерасад, ки дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) низ ба пешвози Президент хуб тайёрӣ мебинанд.

Роҳи марказӣ, ки ба самти ноҳияи Панҷ аз деҳаи 7-ум (Катлаван)-и Ҷайҳун мегузарад, аз хору алафҳои бегона тоза карда шудааст. Баъзе аз қисматҳои заминҳо канори роҳ шудгор шуда, барои кишти маҳсулот омода шудаанд. Ду тарафи роҳро матоъҳои  парчаммонанди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замин гузошта шудаанд, «зеб» медиҳанд. Бинои вайронае, ки дар тарафи чапи роҳ қарор дорад, бо матои сафеде аз чашмҳо пинҳон карда шудааст. Қаблан чунин вайронаҳоро бо матое, ки ба парчам шабоҳат дошт, печонида, аз чашмҳо пинҳон мекарданд.

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми август ба навоҳии Ҷайҳуну Панҷ дар назар дошта шудааст. Президент шояд дар ин мавзеъ бо деҳқонон суҳбат орояд.

Шамс Фозилов

Добавить комментарий