Барои аввалин бор Суди шаҳри Панҷакент барои рӯзноманигорони маҳалливу намояндагони ВАО-и марказӣ нишасти матбуотӣ доир кард.

Раиси суди шаҳри Панҷакент Диловар Мирзоҳомидзода аз фаъолият ва натиҷаҳои суди шаҳри Панҷакент дар 3-моҳаи аввали соли равон ҳисобот дода, зикр кард, ки ин нишасти матбуотӣ дар доираи барномаи “Дастрасӣ ба адолати судӣ” доир мегардад.

— Дар суди шаҳри Панҷакент дар 3 моҳи соли ҷорӣ, дар маҷмӯъ 869 парванда баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 126 адад зиёд аст. Аз ин шумора 63 адад парвандаи  ҷиноятӣ, 85 адад гражданӣ, 282 адад парвандаи оилавӣ, 373 адад парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, 37 адад дасрхости мақомоти тафтишотӣ ва 29 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳотӣ ва иҷрочиёни Хадамоти иҷроӣ ташкил медиҳанд, – гуфт Диловар Мирзоҳомидзода.

Раиси Суди шаҳри Панҷакент ба суолҳои рӯзноманигорон посух дода, ҳамкории мақомоти судиро бо журналистон қаноатбахш ҳисобид. Рӯзноманигорон умед бастанд, ки баргузории чунин нишасти хабарӣ барои аввалину охирин бор набуда, он минбаъд низ идома меёбад.

 

Добавить комментарий