Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо собиқадорони ҳизб мулоқот баргузор шуд.

Раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода онҳоро ба қароргоҳи ҳизб хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки саҳми аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҳизби назди Кумитаи иҷроия  барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, пешбурди корҳои  тарғиботӣ зиёд аст.

Собиқадорони ҳизб изҳор доштанд, ки онҳо барои татбиқи намудани ғояҳои ҳизб, иқдомоти шоистаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омода ҳастанд.

Раиси кумитаи иҷроия бонувон собиқадорони ҳизбро бо Рӯзи модар муборакбод намуда, ба онҳо гул ва табрикномаи Кумитаи иҷроияро тақдим намуд.

Шоҳин Облоқулзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here