Судяи собиқи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Қурбониён Тоҷиддин, ки барои гирифтани пора дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, тибқи қонуни авф, пас аз 2 сол ба озодӣ баромадааст.

Кормандони Агентии зидди коррупсия дар вилояти Хатлон Қурбониёнро 20-уми июни соли 2017, дар утоқи корияш, ҳамроҳ бо як корманди прокуратураи ноҳия, ҳангоми гирифтани 2000 (1000-сомонӣ ба ҳарду) сомонӣ ба сифати пора аз як сокини ноҳияи Панҷ боздошт карда буданд.

Бо ҳукми Суди Олии Тоҷикистон рӯзи 12-уми октябри ҳамон сол Қурбониён Тоҷиддин тибқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) гунаҳгор дониста шуда, барои ҳафт сол равонаи зиндон гардида буд.

Пас аз боздошти Тоҷиддин Қурбониён аз ҷониби намояндагони Агентӣ, шаби рӯзи баъдӣ, 21-уми июн, хонааш дар ҳудуди ҷамоати Озодагон оташ гирифт.

Шаби оташсӯзӣ дар манзили Қурбониён касе аз хонаводааш набудааст ва мақомот гуфтанд, ки ҷиҳози хона аввал дуздӣ шуда, баъдан хонаро оташ задаанд.

Татбиқ шудани меъёрҳои қонун “Дар бораи афв” нисбати як мансабдор барои порагирӣ дар ҳоле, ки ҳатто аз се як ҳиссаи ҳукмашро адо накардааст, мавҷи эътирозҳои журналистонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Хабаргузории «Азия-Плюс” бо эътимод ба манбааш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд гуфт, тибқи қонун “Дар бораи афв” аз муҳлати ҷазои 11-солаи рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов як солу чор моҳ кам карда шудааст.

Манбаъ гуфтааст, “аз муҳлати адои ҷазои Исмоилов боз 2 солу 7 моҳ боқӣ мондааст. Агар ӯ ба ҷабрдидагон 6 ҳазор сомонӣ маблағи зарарро пардохт кунад, аз зиндон озод ва ба маҳалли сукунат гузаронида мешавад”.

Маҳмадюсуф Исмоилов айни замон дар муассисаи ислоҳии низомаш сахти 3/5 шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекунад. Мақомот ӯро 28-уми октябри соли 2013 дар содир кардани ҷиноят аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 247 (тақаллубкорӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ) гунаҳкор дониста, ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда буд. Маҳмадюсуф Исмоилов, бар асоси аризаи сокини 39-солаи ноҳияи Ашт Санавбар Аҳадова, рӯзи 24-уми июни соли 2013 боздошт шуда буд.

Ин зан дар аризааш гуфтааст, ки “21-уми июн дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф, рӯзноманигори ҳафтаномаи «Нигоҳ”, аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 сомонӣ гирифтааст. Сипас такроран, рӯзи 24-уми июн Исмоилов М. боз 100 доллари амрикоӣ талаб кардааст”. Исмоилов М. зимни гирифтани 400 сомонӣ боздошт шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here