Хонандагони деҳаи Сангпӯштеппаи ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки муддати  30 сол  15 километр роҳро тай карда, ба дигар деҳаҳо ба мактаб мерафтанд, соҳиби мактаб шуданд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки  дар ин деҳа 31 хоҷагӣ мавҷуд аст , ки фарзандони онҳо 30 сол боз кӯҳу пуштаҳоро гузашта, ба дигар деҳаҳо барои таҳсили илм мерафтанд,

— Масҷиди ғайрирасимии деҳаи Сангпӯштеппа, ки бо сабаби ғайрирасмӣ буданаш баста шуда буд, бо дастгирии аҳли деҳа ва шуъбаи маориф пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда,  ба чор синфхона, яъне барои таҳсили 100 нафар хонанда омода карда шуд, — гуфт мудир.

Иттилоъ дода шуд, ки ин мактаб аз ҳисоби Вазорати рушди иқтисоди кишвар бо мизу курсӣ таъмин гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here