Як сокини узбектабори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ба гуфтаи мақомот, иқрор шудааст, ки бо 6 зарби ҷонкоҳи корд моиндарашро ба ҳалокат расонида, бар қасди худкушӣ худро захмӣ кардааст.

Ба қавли шоҳидон, фоҷеа моҳе қабл, шаби 19-ум ба 20-уми феврал дар деҳаи Кӯйтемези ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи мазкур рух додааст ва дар натиҷа зани 55-сола, Исоева Рӯзигул дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Анвар Сайдалиеви 52-сола бо ҷароҳати вазнин ба беморхонаи марказии ноҳия расонида шудааст.

Аз беморхонаи ноҳияи Панҷ гуфтанд, мардро дар ҳолати вазнин ва беҳушӣ бо се захми амиқи корд, ки ба меъдааш расида будааст, оварданд.

— Мард зери назорати кормандони милиса қарор дошт ва пас аз ҷарроҳию табобати якҳафтаина каме шифо ёфт ва ӯро бурдаанд, — гуфтанд аз бемористон.

Аз мақомоти Прокуратураи ноҳияи Панҷ ин хабарро тасбиқ карданд ва гуфтанд, ки мард ба гуноҳаш эътироф кардааст.

— Аз ҷониби Прокуратураи ноҳия нисбати гумонбаршуда бо моддаи 104, қисми 2, банди «б», ки ба қатори ҷиноятҳои махсусан вазнин ворид мешавад, парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад, — гуфтанд дар як суҳбати кӯтоҳ ба «Фараж» аз ин мақомот.

Дастрасӣ ба ҷузъиёти бештар дар мавриди ҳадафу сабабҳои ҳодисаи мазкур имконнопазир аст, зеро ҳамсуҳбатони «Фараж» гуфтанд, аз гумонбар дар марги моиндар Анвар Сайдалиев чунин амалро ҳеҷ интизорӣ надоштанд.

Раиси маҳаллаи Кӯйтемез Ҷумъахон Алламуродов, ки ин оила он ҷо сукунат дорад, мегӯяд, Анвар Сайдалиев бо фарзандонаш ва  фарзандони падараш аз зани дуюм, ки 3 писаранд, дар як ҳавлӣ зиндагӣ доранд, вале хоҷагияшон алоҳида аст.

— Онҳо хеле хонаводаи тифоқанд. Баъд аз ин воқеаи мудҳиш ҳам муносибаташон вайрон нашудааст, — гуфт раиси маҳалла.

Писарони марҳум Рӯзигул Исоева ва гумонбаршуда Анвар Сайдалиев низ дар суҳбат гуфтанд, аз ин ҳодиса сар дар намеоранд ва намедонанд, чаро чунин воқеа рух додааст.

Ин дар ҳолест, ки овозаҳо дар мавриди шароб нӯшидану маст будани Сайдалиев дар шаби ҳодиса миёни ҳамдеҳаҳо мечархад, аммо ба гуфтаи эшон, қаблан арақнӯшии Анвар Сайдалиевро надида будаанд.

Аз беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ ҳам гуфтанд, ки зимни ҷарроҳӣ бӯи шаробро аз бадани бемор ҳис кардаанд.

Ҳодисаро пайгир мемонем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here