Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли равон 79 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 ҷиноят кам аст. Ин нуқтаро раиси ноҳияи Панҷ Зарифхоҷа Шоҳиён имрӯз дар нишасти хабариаш қайд кард.

Ба иттилои додаи ӯ аз 79 ҷинояти содиршуда 12 ҷинояти вазнин, 29 ҳолати дуздӣ, 27 ҳолати қаллобӣ ва 6 ҷинояти иқтисодӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло 5 нафар сокинни ноҳия дар задухӯрдҳои давлатҳои Сурия ва Ироқ қарор доранд.

Ҳамчунин, аз 122 шаҳрванде, ки ба таври ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, 120 нафар ба ватан баргардонида шудааанд.

— Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар  баргардонидани 2 нафар шаҳрванди ноҳия идома доранд, илова кард раиси ноҳия.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here