Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон  аз ҳисоби ходимони дин сохтмони 13 синфхонаи иловагӣ барои 300 хонанда дар назди муассисаҳои таълимӣ бо маром идома дорад.

Мудири шӯьбаи маорифи ноҳия Панҷ Мавлуда Боймуродзода ба хабарнигори «Фараж» гуфт, ки маблағи умумии 13 синфхона беш аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Мудир қайд кард, дар умум  ҳоло дар назди 6 муассиса  бо дасгирии соҳибкорон, волидон ва дигар қишри ҷомеа сохтмони 34 синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 800 хонанда идома дорад.

— Ин ҳама корҳои ободонӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Панҷ бахшида ба пешвози сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолиятӣ давлатии кишвар мебошад, — зикр кард мудир.

— Дар умум, дар ноҳияи мазкур 52 муассисаи таьлимӣ фаьолият доранд, ки 90 дарсад ба соли нави хониш омода шудаанд ва масьулин ният доранд рӯзҳои наздик пурра мактабҳоро омода созанд, — илова кард Мавлуда Боймуродзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here